Раёсати Фонд

Аъзоёни Раёсати ФҚХ “Нури Ҳумо”

Ҳасанов Фирӯз Нодирмахмадович
Директор МҚФ «Нури Ҳумо»
Ҳасанов Фирӯз Нодирмахмадович
Мутахассис дар соҳаи молия, қарздиҳӣ ва идоракунӣ мебошад. Дорои дараҷаи магистри «Менеҷменти молиявӣ» аст. Роҳи касбии худро аз мутахассиси қарзӣ оғоз намуда, то ба вазифаи директори филиал дар Бонки Ҳумо расидааст. Аз моҳи сентябри соли 2023 вазифаи директори ФҚХ «Нури Ҳумо»-ро ба уҳда дорад.
Ваҳобҷонов Фахриддин Ҳатамович
Муҳосиби асосӣ
Ваҳобҷонов Фахриддин Ҳатамович
Мутахассис дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ мебошад. Таҷрибаи корӣ дар Агроинвестбонк ва ТАҚҲ «Ҳумо» дорад. Аз моҳи июни соли 2021 дар вазифаи сармуҳосиби ФҚХ «Нури Ҳумо» фаъолият мекунад. Масъули пешбурди баҳисобгирӣ мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), таҳияи ҳисоботи андоз ва риояи талаботу меъёрҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Абдураҳмонов Саддом Нурмахмадович
Менеҷери қарзӣ
Абдураҳмонов Саддом Нурмахмадович
Мутахассис дар соҳаи қарздиҳӣ буда, таҷрибаи ғанӣ дар бахшҳои бонкӣ ва маблағгузории хурд дорад. Дорои малакаҳои арзёбии қобилияти қарзпардозии мизоҷон, таҳлили ҳисоботи молиявӣ, идоракунии сандуқи қарзӣ ва коҳиш додани хавфҳои қарзӣ мебошад. Ҳамчунин дар қабули қарорҳои қарзӣ, назорати сифати қарзҳо ва таъмини устувории фаъолияти қарзӣ таҷрибаи амалӣ дорад.
Хати боварии Бонки миллии Тоҷикистон барои шикоятҳо ва муроҷиатҳо: +992 44 600 1520