Дар бораи мо

ФҚХ «Нури Ҳумо»

Шарики боэтимод дар соҳаи молияи хурд аз соли 2013. Мо ба беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тавассути қарзҳои дастрас мусоидат мекунем.

Таърихи мо

Аз 2004 то имрӯз

Имрӯз
Шарики боэътимод барои мизоҷон

ФҚХ «Нури Хумо» фаъолияти худро пайваста рушд дода, ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод менамояд. Фонд мизоҷонро дар амалӣ намудани ҳадафҳои шахсӣ, оилавӣ ва соҳибкориашон дастгирӣ намуда, роҳҳои дастрасӣ ба қарз ва муносибати инфиродиро пешниҳод менамояд.

2022
Қарзҳои муштарак бо «Ҳумо»

Аз соли 2022 ФҚХ «Нури Хумо» пешниҳоди қарзҳои муштаракро бо «Ҳумо» оғоз намуд. Ин иқдом имкониятҳои маблағгузориро васеъ намуда, дастрасӣ ба маҳсулоти қарзиро боз ҳам қулай гардонд.

2013
Бақайдгирии МҚФ «Нури Ҳумо»

1 ноябри соли 2013 фонд ҳамчун Фонди қарзии хурди «Нури Хумо» ба қайд гирифта шуд. Самти асосии фаъолият пешниҳоди қарзҳои хурд ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2004
Таъсис

Таърихи ФҚХ «Нури Хумо» аз фаъолияти он бо номи ФҚХ «ХУМО» оғоз меёбад. Фонд вориси ҳуқуқии барномаи маблағгузории хурди CARE International дар Тоҷикистон гардид. Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маблағгузории хурд», ин барнома ба фонди маҳаллӣ табдил дода шуд, ки ба аҳолӣ хизматрасониҳои дастраси молиявӣ пешниҳод менамояд. Моҳи декабри соли 2004 ФҚХ «ХУМО» расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Арзишҳои мо

Принсипҳое ки мо дар асоси онҳо кор мекунем

01

Касбият

Дониш ва таҷрибаи баланд дар ҳар як кор

02

Самимият

Муносибатҳои кушод ва ростқавлона

03

Шаффофият

Шартҳои возеҳ, бидуни пинҳонӣ

04

Масъулиятшиносӣ

Посухгӯӣ барои ӯҳдадориҳои худ

05

Эҳтиром

Ҳар муштарӣ барои мо арзишманд аст

06

Оперативность

Кори зуд ва самаранок ҳар рӯз

Хати боварии Бонки миллии Тоҷикистон барои шикоятҳо ва муроҷиатҳо: +992 44 600 1520