Маълумот оид ба тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон
Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон дар ФҚХ “Нури Хумо” дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва “Дастур оиди коргузорӣ бо муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шудааст.
Баррасии ҳамаи арзу шикоятҳои мизоҷон дар мӯҳлатҳои муқаррар намудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз
ҷониби масъулини ФҚХ “Нури Хумо” баррасӣ карда мешавад. Мӯҳлати умумии баррасии арзу шикоятҳо наметавонад аз 30 рӯзи тақвими зиёд бошад. Дар ин хусус ба муроҷиаткунанда дар мӯҳлати се рӯзи корӣ хабар расонида мешавад.
ФҚХ “Нури Хумо” муроҷиатҳои мизоҷонро (арзу шикоятҳоро) дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ қабул менамояд.
Тартиби тамос бо сохтори масъул оид ба қабул ва баррасии арзу шикоятҳои мизоҷон дар ФҚХ “Нури Хумо”:
Шахси масъул оид ба баррасии арзу шикоятҳои мизоҷон: Акачонова Гулноза Зокировна
Суроға: Шаҳри Душанбе ноҳияи И.Сомонӣ Кӯчаи Шохтемур 21.
Рақами телефон: 992 888 88 10 90;
Суроғаи электронӣ: info@nurihumo.tj